Орун (Арон) Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода, ду сарояндаи маъруфи эронӣ моҳи декабр ба Тоҷикистон омада, дар пойтахти кишвар консерт доир мекунанд.
Орун Афшор охири моҳи декабр вориди Душанбе шуда, ба иттилои “Borbad Production”, ки ширкати масъули сафари Орун Афшор аст, рӯзи 30-юми декабр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерт доир мекунад.
Тибқи иттилои масъулин, консерт соати 17:00 оғоз гардида, арзиши чипта вобаст ба ҷои нишаст аз 400 то 600 сомонӣ аст.
Ҳамчунин дар назар аст, ки Муҳсин Иброҳимзода, сарояндаи дигари маъруфи эронӣ низ ба Тоҷикистон ояд. Эълони баргузории консерти ӯ низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад.

Яке аз масъулини фурӯши чиптаи консерти Муҳсин Иброҳимзода, ин иттилоъро тасдиқ карда гуфт, ҳоло фурӯши чиптаҳо идома дорад.
Ба иттилои манбаъ, Муҳсин Ибороҳимзода рӯзи 20-уми декабр, соати 17:00 дар “Кохи Суруш” консерт доир мекунад. Арзиши чипта барои консерти ӯ низ аз 400 то 600 сомонӣ будааст.
Бояд гуфт, Орун Афшор 27 сол дошта, аз сарояндагони маъруфи Эрон аст ва дар Тоҷикистон низ маҳбубият дорад. Таронаҳои “Ҷонам бош”, “Бовар накун”, “Шаби рӯёӣ”, “Дарди ширин”-и ӯ аз маҳбубияти хоса бархурдоранд.
Ӯ соли 2021 низ дар Тоҷикистон буд ва дар “Фестивали тобистонаи Душанбе – 2021” ҳунарнамоӣ карда буд.
Муҳсин Ибороҳимзода низ дар Тоҷикистон маҳбуб аст. Таронаҳои “Ишқи ширин”, “Девонаҷон” ва “Ту рафтӣ” аз зумраи маъруфтарин таронаҳояш буда, дар консерт садо хоҳанд дод.
Ин бори аввал нест, ки овозхонҳои шинохтаи Эрону Афғонистон дар Тоҷикистон консерт доир мекунанд. Маъмулан дар остонаи ҷашнҳои Наврӯзу Соли нав ва ё идҳои дигар ҳофизони ин кишварҳои ҳамзабон ба Тоҷикистон меоянд ва шомҳои мусиқӣ доир мекунанд.
Аз ҷумла чанде пеш Фарҳод Дарё ва Ориёно Саид, ду сарояндаи маъруфи афғонистонӣ бо ҳофизони Тоҷикистон шоми мусиқӣ баргузор карданд. Пештар аз ин, Андӣ Мададиён низ дар пойтахти кишвар консерт баргузор карда буд.





Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Муҳоҷирати меҳнатии бехатар. Чӣ гуна метавон аз доми фиреби қаллобон эмин буд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста