Имсол маросими ҷоизасупорӣ боз ҳам ҷолибу пуршукуҳтар мешавад. Фурсатро аз даст надиҳед ва ҷузъи муҳимтарин рӯйдоди мусиқии сол бошед. Меҳмонини ин чорабиниро чӣ тӯҳфаву рӯйдодҳои ногаҳонӣ интизор аст? Мо баъзе аз асрори онро, ки нимаи моҳи декабр баргузор мешавад, ошкор хоҳем кард.
Макон ва вақти баргузорӣ
Tarona Music Award-2025 рӯзи 13-уми декабр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор мешавад. Ин яке аз рйдодҳои муҳими сол аст, ки давоми сол интизориашро доштем. Он ҳунармандони беҳтарини кишвар ва ҳазорон ҳаводорону мухлисони мусиқии муосири тоҷикро гирдиҳам меорад.
Он рӯз соати 15:00 ташрифи ситораҳои ҳунар ва гузашти онҳо аз роҳрави қирмизӣ оғоз мешавад. Тамошобинон имкон пайдо мекунанд, ки аз ҳунарманди дӯстдоштаи худ соядаст гиранд ё бо онҳо ҳамроҳ аксбардорӣ кунанд.
Барномаи консертӣ соати 17:00 оғоз мешавад.
Паҳлӯҳои хоси маросим
Ҳамаи таронаҳои ҳунармандон бар асоси интихоби шунавандагони радиои “Азия-Плюс” ва қарори ҳакамони махсуси радио интихоб шудаанд. Ба сурати умум, 15 таронаи ҷолибу шуниданӣ интихоб шуданд, ки писандидатарин дар соли равон будаанд.
Меҳмононро саҳнаи бо тарҳи наву рӯшании касбӣ таҳияшуда интизор аст. Ҳар як суруде, ки дар маросими тақдими ҷоиза садо медиҳад, вобаста ба ғоя ва таърихи офариниши он аз сӯйи коргардони ҳирфаӣ саҳнагузорӣ шудааст ва мисли як асари алоҳида ва комил пешниҳод мешавад.
Дар консерт маҷмааи тақвиятёфтаи техникӣ истифода мешавад: садову равшании рӯшан ва экрани калон, ки фазоро боз ҳам дилхушкунанда мекунад. Рӯи ороиши саҳна рассом-басаҳнагузоранда аз Маскав даъват шуда, корҳои омодагӣ дар ин самт аллакай оғоз ёфтааст ва бовар дорем, ки хости мухлисони серталабтаринро низ қонеъ месозад.
Ҳунармандон
Дар саҳнаи маросими мусиқӣ маъмулан беҳтарин сарояндагон тибқи фарзияи радиои “Азия-Плюс” гирдиҳам меоянд. Миёни онҳо ҳам ситораҳои маъруфи эстрада ва ҳам овозхонони ҷавони боистедоди кишвар хоҳанд буд. Яке аз иштирокчииёнро мо метавонем ҳозир номбар кунем.
Имсол миёни ҳунармандони интихобгардида Сайёра Мӯсоева, (Saya Musa) овозхони тоҷиктабор аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон хоҳад буд.
Овози пурэҳсосу самимӣ, тарзу усули ғайриодии иҷро ва комёбии таронаи “Пиёла” ӯро дар Ӯзбекистон ва фаротар аз он шинохта кард. Бовар дорем, шунавандаи тоҷик ҳам аз ҳунари ӯ истиқбол мекунад.
Ҳадяҳои ногаҳонӣ ва фазои шом
Tarona Music Award шомест, ки дар он суруд ва мусиқӣ ҳукмфармои фазову вақт хоҳанд буд. Ҷашнро на танҳо дар толор, балки берун аз он ҳам метавон эҳсос кард. Метавон гуфт, имсол ҳам Tarona Music Award мисли солҳои пеш ҳозиринро ба ҳайрат меорад.
Имсол байни тамошобинон ду роҳхат барои сафар ба ҷазираи Киши Эрон аз Fly.tj ва дигар тӯҳфаҳои ногаҳонӣ бозӣ мешаванд.
“Азия-Плюс” барномаи пурмуҳтаво таҳия мекунад: ҳунарнамоиҳои ҷолибу хотирмон, ҳолатҳои ногаҳониву ғайриодӣ ва технологияҳои нав. Соли гузашта тамошобинонро ровии ҳуши маснӯӣ (AI) - Таронахон ба ҳайрат оварда буд. Имсол аз навгонӣ танҳо касоне огаҳ хоҳанд шуд, ки дар толор ҳузур пайдо мекунанд.
Таърихи ҷоиза
Tarona Music Award вориси ҷоизаи "Суруди сол" аст, ки бори нахуст соли 2003 гузаронида шуд. Соли таъсиси он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ин лоиҳа дастгирӣ намуда, ҳамроҳи овозхон Сироҷиддин Фозилов таронаи “Гӯшаи бомро” дар саҳна сароид. Ин рӯйдод як қисмате аз таърихи мусиқии кишвар аст.
Созмондиҳандагон ва шарикон
Шарики кул - IM GROUP
Яке аз ширкатҳои бузургтарини хусусии Тоҷикистон аст. Фаъолияти холдинг соҳаҳои тиҷорату сохтмон, савдои чаканаву расонаҳоро дар бар гирифта, инчунин ба лоиҳаҳои хайру эҳсон машғул аст ва дар рушди ҷомеаи Тоҷикистон саҳм мегузорад.
Шарики расмӣ - Васл Бонк
Аввалин бонки рақамии кишвар мебошад, ки аз соли 2019 дар рушди хидматрасониҳои насли нав саҳм мегузорад. Васл Бонк ба технологияи молиявии мукаммал табдил ёфта, хадамоти молиявиро барои ҳама осону содда ва дастрас намуд.
Шарики расмии рақамӣ - ширкати Tcell
Ширкати Tcell яке аз оператони пешрафтаи мобилии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки зиёда аз 25 сол хидматрасониҳо дар соҳаи алоқа, интернет ва ҳаллу фасли рақамиро пешниҳод месозад. Ширкат фаъолона ба ҷорисозии навгониҳо, рушди низоми рақамии экологӣ ва амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои маориф, ҷавонон ва пешрафти технологӣ машғул аст.
Рисолати Tcell дар муттаҳидсозии мардум ва рӯҳу илҳом бахшидан ба ҷомеа баҳри рушд ифода меёбад.
Шарикон
ТҚХ «Имон Интернешнл» яке аз ниҳодҳои бузурги молиявии хурди кишвар мебошад, ки аз соли 1999 фаъолият дошта, аз соҳибкорон ва рушди минтақаҳо дастгирӣ мекунад.
Fly.tj - аввалин низоми миллии онлайн фармоиш додан (брон кардан)-и билетҳои ҳавопаймоӣ.
Нӯшокии ташнашикани NICE, дӯкони гулфурӯшии Guli Anor, агентии муҳофизату посбонии «Барс» тамғаҳое мебошанд, ки фазои идона, роҳат ва амният барои меҳмононро таъмин мекунанд.
Билетҳоро аз куҷо метавон дастрас кард?
Билетҳо дар сомонаи Echipta.tj дастрасанд.
Харидани билет бо пахши ҳамагӣ чанде аз тугмаҳо имконпазир аст - бахшро интихоб намуда, дар ҳама гуна вақт пардохторо анҷом диҳед ва дарҳол соҳиби билет мешавед. Қулайтарин тарзи як қисмате аз маросими асосии мусиқии сол шудан.
Ба сеҳру ҷодуи рӯйдоди асосии мусиқии сол ғӯтавар шавед!
Tarona Music Award-2025 - вақтест, ки ҳамаи ситораҳо дар як саҳна ба ҳам меоянд!



