Дар Тоҷикистон то 1-уми феврали имсол 80% нафақахӯрон аз қайди рақамӣ гузаштаанд ва ё чеҳраи онҳо шинохта шудааст. Дар ин бора аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ 9-уми феврал ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Дар Тоҷикистон шинохти чеҳраи нафақагирон нимаи дуюми моҳи ноябр шуруъ шуда буд ва тибқи нақша, бояд то 30-уми декабри соли 2025 дар 68 шаҳру ноҳияи кишвар ҳамаи нафақагирон ба қайди рақамӣ гирифта мешуданд.
Хуршед Файзуллозода, раҳбари Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ 6-уми феврал дар нишасти хабарӣ шиносоии нафақахӯрон ва ҳамроҳ кардани маълумоти онҳоро ба пойгоҳи давлатии "ekhizmat.tj" шарҳ дод.
“Мақсади мо ин аст, ки як маротиба ҳамаи нафақагиронро шиносоӣ кунем ва ҳар нафақагир дар пойгоҳ тавонад ба саҳифаи шахсӣ ворид шавад. Ин пойгоҳ бо Кумитаи андоз ҳамгиро шудааст, то бо таври автоматӣ ҳаҷми нафақаро муайян кунем”, - гуфт Файзуллозода.
Ба таъкиди ӯ, ин низом метавонад, “омилҳои инсониро, ки дар миён ҳаст, аз байн барад” ва дар оянда нафақагирон метавонанд, маблағи нафақаашонро ба дилхоҳ корт ё ҳамёне, ки дар махзан ворид мекунанд, интиқол диҳад.
“Ҳоло як маҳдудият доранд, ки дар корти “Амонатбонк” маблағ ворид мешавад. Ин заруратҳо аз байн меравад. Шумо кадом корти бонкиеро, ки истифода мебаред, маълумотро нишон додед, маблағ ба он ворид мешавад”, - зикр кард Хуршед Фазуллозода.

Бояд гуфт, тасмими бақайдгирӣ ё шиносоии чеҳраи нафақагирон дар асоси супориши ҳукумати Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2025 гирифта шуд. Дар асоси он, фармоиши роҳбари Оҷонсӣ аз 14-уми ноябри соли 2025 дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ имзо шудааст.
Бақайдгирии маълумот ва чеҳраи нафақахӯрон тариқи телефон сурат мегирад ва аксу иттилои онҳо дар барномаи алоҳида ҷой дода мешавад. Барои ин нафақахӯронро зарур аст, ки бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи худ ба шуъбаҳои Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа муроҷиат кунанд.
Оҷонсӣ ҳадафи барномаро “шаффофият ва самаранокии идоракунӣ" унвон карда афзуда буд, ки он дар тамоми 68 шаҳру ноҳияи кишвар анҷом дода мешавад. Бақайдгирии маълумот ва чеҳраи нафақахӯрон (Face ID) нимаи дуюми моҳи ноябр оғоз шуд ва қарор буд то 30-уми декабри соли гузашта дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар ба анҷом расад.
Моҳи январ дар Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ба муроҷиатҳои “Азия-Плюс” дар хусуси омори нафақагирони бақайдгирифташуда посух надоданд.
Қаблан аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки то 11-уми декабри соли 2025 ҳудуди 40% нафақахӯрон аз бақайдгирии рақамӣ ё шиносоии чеҳра гузаштаанд.
Вале мушоҳидаи хабарнигори “Азия-Плюс”, рӯзи 20-уми январ дар ду шуъбаи нафақаи пойтахт нишон дод, ки то ҳол нафақагирон барои бақайдгирӣ ба шуъбаҳо меоянд.
Тибқи иттилои расмӣ, ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 теъдоди нафақагирон дар кишвар 877 ҳазору 206 нафар аст. Ҳоло дар кишвар ҳаҷми нафақаи миёна, аз ҷумла, нафақаи суғуртавӣ ба 509 сомонӣ, нафақаи меҳнатӣ ба 641 сомонӣ ва нафақаи иҷтимоӣ ба 362 сомонӣ баробар аст.




Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон
Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2026
Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста