Имрӯз дар қароргоҳи Муассисаи илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) парчами давлати Фаластин барафрохта мешавад, ки бо он ба узвияти созмон пазируфтани Фаластин таҷлил мегардад.

Зикр мегардад, ки маросими мазкур бо иштироки Директори генералии ЮНЕСКО Ирина Бокова ва президенти Фаластин  Маҳмуд Аббос доир мегардад.

Ёдрас мекунем, ки 31-уми октябри соли равон Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ба эътирофи Фаластин ҳамчун кишвари узви Созмон раъй дод. Ба ҷонибдории ин қарор 107 кишвар ва муқобил 14 давлат овоз дода, 52 кишвар аз раъйдиҳӣ худдорӣ варзиданд.

Миёни кишварҳое, ки дархости Фаластинро ба узвият дар созмони мазкур ҷонибдорӣ кардаанд, кишварҳое чун Русия, Фаронса, Норвегия, Люксембург, Испания, Юнон, Финландия, Туркия ва ғайра ҳузур доранд.

Давлатҳои Шветсия, Чехия, Олмон, Австралия, Канада, ИМА, Исроил ва ғайра муқобили ин қарор овоз додаанд. Қарори узвияти Фаластин ба созмон рӯзи 23 –юми ноябр баъди аз ҷониби намояндагони Фаластин ба имзо расонидани Низомномаи ЮНЕСКО ҳукми қонунӣ гирифт. Ҳамин тариқ, пас аз қарори қабули Фаластин ба ҳайати ЮНЕСКО, шумори кишварҳои узви созмон то 195 адад расид.

Пас аз узви комилҳуқуқи ЮНЕСКО гардидани Фаластин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағгузорӣ ба ин созмонро қатъ сохтанд. Дар ин бора намояндаи расмии Департаменти давлатии ИМА Виктория Нуланд иттилоъ дода, зикр кард, ки ин тасмими СММ ба ҳадафҳои умумии ноил гардидан ба сулҳ дар Шарқи Наздик монеъа эҷод месозад.

То ахири моҳи ноябри соли равон ИМА ният дошт, ки ба фонди ЮНЕСКО 60 млн. доллари ИМА маблағ интиқол диҳад. Маблағҳои ҳаққи аъзогии ИМА аз панҷ як ҳиссаи буҷети созмонро ташкил медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки ИМА ва Исроил қаблан низ муқобили узвияти давлати Фаластин ба ЮНЕСКО буданд.

Дабири кулли СММ Пан Ги Мун зимни шарҳи тасмими мазкур гуфтааст, бо қабули чунин қарор дар масъалаи маблағгузории созмон мушкилот пеш хоҳанд омад, «вале ин қарори кишварҳои узви созмон аст ва ман ҳамчун дабири кулл бояд таваҷҷӯҳи аъзои СММ-ро ба ин масъала ҷалб созам».

Маъмурияти миллии Фаластин аз қабули қарор дар бораи узвияти комилҳуқуқи кишвар ба ЮНЕСКО изҳори хушунудӣ карда, онро гувоҳи ҳусни тафоҳум ва маъқул шуморидани сиёсати Фаластин дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маънидод кардааст.