Имрӯз соати 15:30 бо вақти Ню-Йорк (соати 00:30 бо вақти Душанбе) Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун дар реҷаи пахши мустақим ба суолҳои корбарони шабаакаи иҷтимоии Google+ посух мегӯяд.

Бино ба маълумоти Маркази иттиллооти СММ, интизор меравад дар вохӯрии виртуалӣ ҷавонони қитъаҳои гуногуни сайёра ширкат хоҳанд варзид. Касоне, ки хоҳиши дар ин вохӯрӣ иштирок карданро доранд, метавонанд ба он тавассути пайвастан ба шабакаи иҷтимоии Google+ бо суроғаи un.org/social ҳамроҳ бишаванд.

Тавре манбаъ хабар медиҳад, Пан Ги Мун бар ин назар аст, ки тамоми ҷавонони саросари дунё бояд барои дастрасӣ ба маълумот, дар тамос будан ва пешниҳоди ҳама гуна суолҳо имконият дошта бошанд.

Ёдрас мекунем, ки 13-уми сентябри соли 2011 бори нахуст муколамаи мустақими Дабири кулли СММ бо шаҳрвандони дунё тавассути шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Twitter, Weibo, Livestream и шабакаи Интернет-намоишиСММ доир гардид. Он замон ба Пан Ги Мун аз корбарони шабакаҳо беш аз 5,5 ҳазор суол ирсол гардида буд.