Мақомоти расмии мубориза алайҳи маводи нашъаовари кишвари ҳамҷавори Афғонистон изҳор доштаанд, ки ҳамасола тариқи манотиқи шимолии ин кишвар тавассути қочоқ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ беш аз 95 тонна маводи мухаддир ворид карда мешавад.
Бино ба маълумоти хабаргузории Аганистан.ру, чанде қабл муовини вазири мубориза бо маводи нашъаовари Афғонистон Муҳаммад Иброҳим Азҳар дар ҷамъи рӯзноманигорон иброз доштааст, ки ин миқдор маводи мухаддир ба кишварҳои собиқи пасошӯравӣ танҳо ба воситаи манотиқи шимол интиқол дода шуда, дар қочоқи маводи мухаддири афғонӣ мафияи байнулмилалӣ ширкат дорад.
«Қочоқи беш аз 9 тонна аз ин миқдор маводи мухаддир тавассути музофоти Қундуз ба Тоҷикистон сурат мегирад», - гуфтааст ӯ.
Мақомоти Афғонистон гуфтаанд, даромади асосӣ аз ин амалҳо ба мафияи байнулмилалии маводи нашъаовар ва гурӯҳҳои ошӯбгарон насиб мегардад.
Айни замон Вазорати мубориза бо маводи нашъаовари Афғонистон дар бораи афзоиши ҳаҷми қочоқи маводи мухаддир ба кишварҳои ҳамсоя тавассути марзҳои шимолии кишвар маълумот медиҳад.
Ҳамасола вазорати мазкур барои нобуд кардани заминҳои кишти кӯкнор ба музофотҳо ҷубронпулиҳои зиёд пардохт мекунад.
Бино ба маълумоти соли гузаштаи Раёсати мубориза бо маводи нашъаовар ва назорат аз болои ҷинояткории созмонёфтаи СММ, дар Афғонистон 90 дарсад аз ҳаҷми умумии ҳосили маводи мухаддир дар ҷаҳон истеҳсол шудааст.
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Боздошти ду мансабдор бо иттиҳоми порагирӣ ва заминфурӯшӣ
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста