Эрон пешниҳод мекунад, ки миёни кишварҳои воқеъ дар Роҳи бузурги абрешим минтақаи раводиди монанди минтақаи Шенгени Аврупо таъсис дода шавад, - иттилоъ медиҳад хабаргузории озарбойҷонии Trend.

«Ин ба рушди бахши сайёҳӣ миёни кишварҳои минтақа, рушди робитаҳо ва таҳкими сулҳу амнияти минтақа мусоидат хоҳад кард», - изҳор доштааст ноиби президенти Эрон Сайёд Ҳасани Мусавӣ зимни суханронӣ дар конфронси байнулмилалӣ дар Боку.

Ӯ зикр кардааст, ки кишварҳои минтақаи Роҳи бузурги абрешим бояд аз имконоти худ баҳри рушди сайёҳӣ самаранок истифода намоянд.

Ноиби президенти Эрон ҳамчунин таъсиси Маҷмаъи кулли кишварҳои минтақаи Роҳи бузурги абрешим, баргузории анҷумани он дар охири соли оянда дар Эрон, эълони соли 2004 ҳамчун соли Роҳи абрешим, доир намудани Рӯзи Роҳи абрешим дар доираи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ва таъсиси атласи Роҳи абрешимро низ пешниҳод кардааст.