Дар Миср ҳазорон тарафдори Муҳаммад Мурсӣ барои дифоъ аз ӯ ва баргаштанаш ба қудрати сиёсӣ тазоҳурот карданд.  

Ҳамчунин дар Афғонистон, Покистон ва кишварҳои ғарбӣ мардум ба кӯчаҳо баромада, бо шиору аксҳои Мурсӣ аз ӯ ҷонибдорӣ мекунанд. 

Кишварҳое ба мисли ИМА ва Олмон аз ҳукумати муваққати Миср хостаанд, ки Мурсӣ озод карда шавад.

Қобили зикр аст, ки баъд аз шикасти Ҳусни Муборак, намояндаи "Ихвон-ул-муслимин" Муҳаммад Мурсӣ аз рӯйи натоиҷи интихоботи президентӣ дар Миср бар сари қудрат омад. Аммо бо гузашти як соли ҳукмронӣ, дар пайи гирдиҳамоии эътирозии мухолифин ва дахолати роҳбарияти артиш  3-юми июли соли ҷорӣ  аз мақом барканор карда шуд.

Чаро дар Миср табаддулоти давлатӣ ба амал омад? Мурсӣ чӣ иштибоҳ дошт?

Дар ин бора хабарнигори "Азия-Плюс" аз раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Ҳайит ва корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Фаррух Умаров пурсон шуд.

Dar borai Mursi from Ахлиддин Салимов on Vimeo .