Соли равон Русия дар Афғонистон як қатор лоиҳаҳои бузургро амалӣ карданист

Дар мусоҳиба ба радиои «Голос России» сафири Русия дар Афғонистон Андрей Аветисян дар ин робита изҳор намудааст, ки яке аз лоиҳаҳо мавриди истифода қарор додани Комбинати хонасозии Кобул аст, ки аллакай аввали соли равон ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон шурӯъ намуда, ба ҳалли мушкилоти ҷиддии камбуди манзил дар ин кишвар мусоидат мекунад.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки моҳи октябри соли равон Хонаи илм ва фарҳанги Русия дар Кобул низ дарҳои худро барои меҳмонон боз мекунад.

Аз дигар лоиҳаҳои Русия дар Афғонистон, ки соли 2014 амалӣ карданашон дар назар аст, сафир аз анҷоми корҳои таҷдиди нерӯгоҳи барқиву обии «Наглу» ном бурдааст, ки солҳои 60-уми асри гузашта бо иштироки мутахассисони шӯравӣ сохта шуда, шаҳри Кобулро ба нерӯи барқ таъмин мекунад. «Мутахассисони рус аллакай се агрегати онро мавриди истифода қарор дода, дар фурсати наздиктарин агрегати чоруми он низ ба кор медарояд ва дар натиҷа иқтидори умумии он 100 мегаваттро ташкил хоҳад дод», - гуфтааст Аветисян.

Самти дигари ҳамкориҳои Русияву Афғонистонро сафир бахши маориф арзёбӣ намуда, дар ин робита изҳор кардааст, ки ҳамасола ҳудуди 130 нафар донишҷӯёни афғонӣ ба мактабҳои олии Русия қабул карда шуда, ғайр аз ин, беш аз 200 нафар афсарони пулиси Афғонистон ва ҳамчунин афсарони артиши ин кишвар дар курсҳои такмили ихтисоси Русия таҳсил мекунанд.

«Соли 2014 Русия ба амалисозии лоиҳаи бузургмиқёс дар Афғонистон оид ба рушди маориф дар қаламрави ин кишвар оғоз намуда, ба таҷдиду азнавсозии ду мактаби олии бузург – Донишгоҳи политехникӣ ва техникуми автомеханикии Кобул кӯмак хоҳад кард», - афзудааст сафир.