Палатаи поёнии парлумони Афғонистон зимни як ҷаласаи махсус қарордоди дуҷонибаи амниятиро бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасдиқ намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии телевизиони «Ҷаҳоннамо», парлумони Афғонистон ҳамзамон қарордоди мақоми нерӯҳои Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО)-ро низ ҷонибдорӣ кард.

Гуфта мешавад, ин ду санад бо ҷонибдории аксарияти вакилон ва раъйи мухолифи 5 узви парлумон ба тасвиб расид. Мувофиқи қарордоди нави дуҷониба, соли оянда бояд дар Афғонистон танҳо 12 ҳазор низомии ИМА ва кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ боқӣ монад. Онҳо ба неруҳои афғон дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ҷангиёни «Толибон» кумак мерасонанд.

Зимнан зикр мегардад, ки қарордоди дуҷониба баъди он ҳукми амал мегирад, ки он аз ҷониби ҳарду палатаи парлумони Афғонистон тасдиқ карда шавад.