Талафоти ғайринизомӣ дар амалиёти ҷангии байнулмилалии соли гузашта дар Афғонистон 22 дарсад афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад Bokhdinews.af

Дар гузориши солонаи Дафтари Созмони милали муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) дар соли 2014 ҳудуди 10 ҳазору 548 ғайринизомӣ кушта ва захмӣ шудаанд, ки болотарин рақами кушташудагон нисбат ба соли 2009 будааст.

Бар асоси ин гузориш дар соли гузашта 3699 нафар кушта шудаанд, ки ин рақам 25 дарсад афзоиш ва 6849 ғайринизомӣ захмӣ шудаанд, ки 21 дарсад афзоишро нишон медиҳад. Дар маҷмуъ шумори талафоти ғайринизомӣ дар соли гузашта 22 дарсад афзоиш ёфтааст, ки ин рақам дар солҳои ахир бесобиқа будааст.

Ҳамчунин дар ин гузориш омадааст, ки: “72 дарсади талафоти ғайринизомӣ ба мухолифони мусаллаҳи давлат нисбат дода шуда ва 14 дарсад аз сӯи нерӯҳои тарафдори ҳукумат, 12 дарсади он нерӯҳои амниятии Афғонистон ва 2 дарсад нерӯҳои байнулмилалӣ ҳастанд” , навиштааст хабаргузории Bokhdinews.af.

Афзоиши талафоти ғайринизомӣ дар Афғонистон аз ҳисоби кӯдакону занон дар даргириҳои мусаллаҳона “кӯдакон 40 дарсад ва занон 21 дарсад нисбат ба соли 2013-ро нишон медиҳад ”, омадааст дар гузориш.