Силоҳбадастони ҷунбиши террористии «Толибон» ба бинои прократураи генералии шаҳри Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамла оварданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», бар асари ҳуҷуми ногаҳонӣ 10 нафар ба ҳалокат расида, 60 тани дигар захмӣ шуд.

Гуфта мешавад, даргирии шадиди мусаллаҳона миёни ҳамлагарон ва кормандони воҳидҳои низомии Афғонистон 9 соат тӯл кашида, дар пайи тирпарронии мутақобила ҳамаи ҳамлагарон кушта шуданд.

Зимнан зикр мегардад, дар ин ҳодиса ба прокурори генералии шаҳри Мазори Шариф осеб нарасидааст. Шаҳри Мазори Шариф маркази маъмурии вилояти Балх ба шумор меравад.