Дар яке аз нуқтаҳои маъмурии аҳолинишини бонуфузтарини шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳодисаи мудҳиш ба вуқӯъ пайваст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», мувофиқи маълумоти мавҷуда, начандон дуртар аз қароргоҳи ноиби давлатии президенти Амрико Ҷозеф Байден роҳбари яке аз ширкатҳои пуриқтидор ҳамроҳи ҳамсару писарбачаи 10-солааш ва хидматгори хонаводааш ба қатл расонида шуданд. Ҷинояткорони номаълум сӯйиқасдро тавассути силоҳи сард, яъне корд ва афзори дигар анҷом дода, баъдан манзили зисти онҳоро оташ задаанд.

Дар бораи сабабу ангезаҳои ин ҷинояти мудҳиш ва шахсияти қотилон то ҳанӯз ягон маълумоти дақиқ дастрас нест. Танҳо маълум ин аст, ки нишонаҳо дар бораи зӯран ба хона даромадани ҷинояткоронро кормандони мақомоти полис муайян накардаанд.

Бино ба гузориши мақомоти полис дар ин сӯйиқасд сарвари ширкати «Американ Айрон Воркс» Саввас Савополус, ҳамсари 47- солааш Эми, писараш Филипп ва хидматгори 57-солаи хонаводагии онҳо ҷон бохтаанд. Дар ин ҳодиса ду духтари Саввас Савопулос ҷон ба саломат бурдаанд, зеро онҳо ҳангоми сар задани ҳодиса дар таълимгоҳ машғули тадрис буданд.