Гурӯҳи Толибон дар номае ба Абубакри Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи террористии Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ҳушдор додааст, ки аз эҷоди ҷабҳаи ҷудогона дар Афғонистон худдорӣ кунад.
Бино ба иттилои бахши тоҷикии радиои Садои Хуросон бо истинод ба гузориши хабаргузории ИРНА, Толибон дар ин нома ба изҳор кардаанд, ки барои эҷоди гурӯҳи дигар аз сӯи ДИИШ дар Афғонистон зарурате нест.
Толибон дар ин нома қайд кардаандт, ки онҳо хайри ДИИШ-ро мехоҳанд ва ин гурӯҳ ҳам набояд алайҳи Толибон сафи ҷадидеро ба вуҷуд оварад.
Онҳо дар ин нома хитоб ба Бағдодӣ таъкид кардааст, ки афроди вай набояд дар байни нерӯҳои Толибон кина ва дудастагӣ эҷод ва орзӯи мухолифони гурӯҳи Толибонро бароварда кунанд.
Толибон дар ин нома ба ДИИШ ҳушдор додааст, ки агар афроди онон барои Толибон мушкил эҷод кунанд, ба шӯҳрати онон садамаи ҷуброннопазир ворид хоҳад кард.
Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин раҳбари гурӯҳи террористии ДИИШ гуфта буд, ки "торихи масраф"- Мулло Умар ва Толибон ба поён расидааст.
ДИИШ пеш аз ин гурӯҳи Толибонро олати дасти Созмони иттилоотии низомиёни Покистон хонда ва алайҳи ин гурӯҳ эъломи ҷиҳод карда буд.
То кунун дар даргириҳои ДИИШ ва Толибон дар Афғонистон даҳҳо тан аз афроди ду тараф кушта ва ё захмӣ шудаанд.
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
“Эҳтимоли хуруҷи беморӣ зиёд аст”. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ширкатҳои сайёҳӣ хост, ҷаҳонгардонро ба Саратоғ набаранд
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста