Бинои Маҷлиси намояндагони Афғонистон субҳи имрӯз ҳадафи ҳамлаи инфиҷорӣ ва террористӣ қарор гирифта, аз ҳавлии парлумон 9 садои таркиш шунида шудааст.

Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи радиои Хуросон, таркиши шадид вакилони парлумонро ба изтиробу ҳарос оварда, намояндагони мардумӣ  ба берун фирор кардаанд.

Гуфта мешавад, қарор будааст, имрӯз Маъсум Сканакзай, муовини раисиҷумҳур мебоист ба унвони вазири пешниҳодии дифои миллӣ ба маҷлис муаррифӣ шавад.

Зикр мегардад, ки ҳамлагарон дар биноҳои рӯ ба рӯи порлумон дар хиёбони Доруламон ҷой гирифта, бо нерӯҳои амниятӣ ба муқовимати мусаллаҳона пардохтаанд.

Хабаргузории TOLOnews бо истинод ба намояндаи расмии нерӯҳои амниятии кишвар дар саҳифаи Twitter--и худ навиштааст, бар асари ин ҳамла ба парлумони Афғонистон 5 нафар, аз ҷумла 1 кӯдак ҳалок ва 31 нафар ҷароҳату захм бардоштаанд.

Хабаргузории Пажвок бо такя ба маълумоти расида аз роҳбари мақомоти пулиси шаҳри Кобул иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни амалиёти махсус нерӯҳои амниятии кишвар ҳамаи 6 нафар ҷангиёни дар ин амали терористӣ дастдоштаро нобуд кардаанд.