Як қатор минтақаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин  ҳамоно дар муҳосираи обхезии шадид қарор доранд. Вазъияти аз ҳама душвор дар қисми шарқии музофоти Анхойи мамлакат ба назар мерасад.

Сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар ин робита менависад, бориши зиёди борон дар баъзе минтақаҳои ин вилоят ба лағжиши қитъаҳои замин боис гардида, бар асари офати табиӣ 2 кас ҳалок ва 6 нафари дигар бедарак гардидаанд.

Гуфта мешавад, аз ин обхезии шадид зиёда аз 120 ҳазор нафар зарар дида, 2 ҳазору 500 каси дигар ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шудаанд. Лағжиши қитъаҳои замин ба хароб шудани роҳҳои нақлиётгард боис гардидааст.

Зикр мегардад, ки гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва кумак ба сокинони зарардида ба минтақаҳои офатзада сафарбар шудаанд. Тибқи маълумоти пешакӣ ҳаҷми хисороти расида аз ин офати табиӣ дар вилояти Анхой ба 135 миллион юан баробар аст.