Шумораи қурбониёни суқути ҳавопаймои «Геркулес Cи-130 Би» дар Индонезия ба 140 нафар расид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», қаблан аз марги 30 кас хабар дода мешуд. Ҷасади қурбониён ба майитхонаи шаҳри Медан тақдим гардид.

Гуфта мешавад, то кунун теъдоди дақиқи мусофирони ҳавопаймои дучори шикаст маълум нест. Аммо тибқи баъзе фарзияҳо ҳангоми ҳодиса дар дохили ҳавопаймо 12 ҳайати сарнишин ва 101 мусофир қарор дошт.

Зикр мегардад, ки ҳодиса дар ҷазираи Суматра ба қайд гирифта шуда, ҳавопаймо пас аз чанд лаҳзаи парвоз аз пойгоҳи низомии Медан ба фалокат дучор омадааст.

Қобили зикр аст, ки ҳавопаймои мазкур дорои 4 муҳаррик буда, 50 сол боз мавриди истифода қарор дошт ва дар робита ба ин ҳодисаи фоҷеабор парвози чунин тамғаи ҳавопаймоҳо манъ карда шуд.