Сарвазири  Юнон Алексис  Сипрас  натиҷаи раъйдиҳиро, ки дар он аксарияти сокинони кишвар зидди қабули шартҳои  қарздиҳандагон овоздоданд, табрик  гуфт. Тибқи ҳисоби  варақаҳои овоздиҳӣ, бештар  аз  60  фоизи юнониҳо зидди шартҳои  қарздиҳандагон  овоз  доданд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории Reuters  Сипрас дар ин робита изҳор доштааст: «Шумо  бо назардошти  вазъияти  душвори  имрӯзаамон роҳи интихоби  басо  ҷасуронаро пеш гирифтед.

«Ҳадафи имконияте, ки  шумо  барои  ман  фароҳам  овардед,  аз  Аврупо  дур  шудан  не,  балки вусъат  бахшидани  вазъиятамон  дар  гуфтушунид  аз рӯи  масъалаи ҷустуҷӯи  роҳҳои  ҳалли судманди мушкилот  аст», -  гуфтааст сарвазир.

Сипрас изҳор  доштааст, ки   ҳукумати  Юнон  омода аст, худи рӯзи  душанбе  ба сари  мизи гуфтушунид баргардад, ки дар  он  барқарор  намудани  низоми  бонкӣ  афзалият  хоҳад  дошт. Ба гуфтаи  мавсуф, ин  дафъа  мушкилоти таҷдиди  назари  қарзи  Юнон  мавриди  муҳокима  қарор  мегирад.

Сарвазири  Юнон  гуфт аз  президенти  кишвар  Прокопис Павлопулос  хоҳиш  менамояд, ки мулоқоти роҳбарони  ҳизбҳои  сиёсиро ташкил  намуда, вазъияти  мавҷударо  бо  онҳо  мавриди  муҳокима қарор диҳад.