Раҷаб Таййиб Эрдуғон – раиси ҷумҳури Туркия – далели вуруди нерӯҳои кишвараш ба Сурияро “хотима додан ба ҳукумати Башор Асад” донистааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

“Вуруди мо ба Сурия ҳеҷ далели дигар надорад. Мо барои иҷрои адолат ба Сурия рафтаем, то ба ҳукумати Асади худкома поён диҳем. Касе, ки мардуми худашро ҳадафи террори давлатӣ қарор додааст”, - таъкид кардааст ӯ дар ҳамоише дар Истанбул, ки рӯзи 29 ноябр баргузор шуд. Раисиҷумҳури Туркия гуфтааст, ин кор барои он аст, ки Сурия ба соҳибони аслиаш баргардонда шавад.

Қаблан дафтари нахуствазири Туркия расман аз оғози амалиёти низомии артиши ин кишвар дар хоки Сурия бо ҳадафи берун рондани ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз шаҳри марзии Ҷароблус хабар дода буд. Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳаргиз мухолифати худро бо Башор Асад ва ҳукумати ӯ пинҳон накардааст. Вале баёни ин мавзӯъ, ки дахолати Туркия бо ҳадафи поён додани ҳукумати Асад аст, дастикам дар гузоришҳо ва хабарҳои расмӣ то кунун бозтобе пайдо накарда буд. Хабаргузории Ройтерс ҳатто мегӯяд, ки Эрдуғон барои нахустин бор тайи моҳҳои гузашта номи Башор Асадро ба таври мустақим дар суханронии худ баён кард.

Ин суханон дар ҳоле изҳор шуда, ки Туркия ба беҳбуди равобити худ бо Русия низ иқдом кардааст. Кишваре, ки аз ҳомиёни аслии Башор Асад ба шумор меравад ва дар канори Эрон ҳамвора ҳадафи интиқоди кишварҳои ғарбӣ аст. Аз нигоҳи мунтақидон, ҳузури низомӣ ва ҳимояти Эрону Русия аз Димишқ монеи пайдо шудани роҳи ҳалли сиёсӣ барои хатми ҷанги дохилии Сурия шудааст.

Ҷанги Сурия бештар аз панҷ сол боз идома дорад ва дар ин муддат ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид ҳудуди 300 ҳазор нафар кушта ва ҳазорҳо тани дигар овора шудаанд.