Виталий Чуркин, намояндаи доимии Русия дар СММ гуфтааст, ки амалиёти ҷангӣ дар шарқи Ҳалаби Сурия поён ёфта, нерӯҳои ҳукуматӣ охирин минтақаҳоеро, ки дар дасти шӯришгарон буд, пурра ишғол карданд.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи абарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълумоти Би-би-си, агар гуфтаҳои дипломати рус дуруст бошад, пас ҷангҳои шадиди чаҳорсола дар Ҳалаби Сурия ба поён мерасад.

Гуфта мешавад, қаблан Чуркин аз созиш дар бораи эълони оташбас хабар дода буд, ки ба мухолифони Асад ҷиҳати тарки шарқи Ҳалаб имкон медиҳад. Шӯришгарон низ ин хабарро тасдиқ карданд ва чанд соати ахир садои бомбаборон ё амалиёти ҷангӣ шунида намешуд.

Зикр мегардад, ки хабари қатъи даргириҳои Ҳалаб дар ҳоле элон мешавад, ки СММ аз кушта шудани сокинони маҳаллӣ тавассути нерӯҳои ҳукумати Сурия хабар дод. Бар пояи маълумоти муътамади онҳо, сарбозони Башор Асад дар чаҳор ноҳияи шаҳр 82 сокини осоиштаро ба қатл расондаанд.