Мақомоти ИМА исми 7 шаҳрванд, ду киштӣ ва 30 ширкати дигари Русияро ба рӯйхати таҳримшудаҳо ворид карданд.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, зидди Евгений Пригожин, миллиардер ва соҳиби як қатор қаҳвахонаҳо, ки ӯро ошпази шахсии президент Владимир Путин медонанд, таҳрим эълон шудааст.

Гуфта мешавад, миёни киштӣ ва ширкатҳое, ки зидди онҳо маҳдудияти молӣ ва раводидӣ ҷорӣ шуд, корхонаи "Бандари Қрим", "Роҳи оҳани Қрим", "Трансфлот"-и Самара, киштии "Маршал Жуков" ва "Сталинград" низ ҳастанд.

Зимнан зикр мегардад, ки Ҷон Смит, сардори Шуъбаи назорати дороиҳои хориҷии назди Вазорати молияи ИМА гуфтааст, ки таҳримҳо дар робита ба вазъи Украина ва Қрим густариш ёфтанд. "Ҳадафи асосии Вашингтон идомаи фишорҳо зидди Русия ва халал расонидан ба фаъолияти шахсоне аст, ки аз таҷовуз ва нооромиҳо дар Украина ҳимоят мекунанд", - афзудааст вай.