Дар Иркутски Русия аз заҳролудшавии маҳлули тозасозии ҳаммом "Бояришник" 60 одам фавтидааст.

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ дар ин робита менависад, дар ин бора вазири минтақавии тандурустӣ Татяна Шкурская хабар дода, гуфтааст, 40 заҳролудшудаи дигар дар бемористон бистарианд.

Гуфта мешавад, бо гумони заҳролудсозӣ 11 нафар боздошт шуда, миёни боздоштшудаҳо соҳибкороне, ки ин маҳлулро ба таври чакана фурӯхтаанд, низ ҳастанд.

Зимнан зикр мегарад, ки заҳролудшавии саросарӣ аз маҳлули назофатӣ барои ҳаммом - "Бояришник", ки дар таркибаш спирт дорад, дар шаҳраки Ново-Ленинои Иркутски Русия рух дода, сар аз шоми 17 декабр заҳролудшудаҳо ба беморхона муроҷиат кардаанд.