Ҳукуматдорони Сурия эълон карданд, ки охирин гурӯҳҳои ҷангиён Ҳалабро тарк намуда, шаҳр пурра таҳти назорати артиши ҳукумат қарор гирифтааст.

Бино ба маълумоти хабаргузории давлатии SANA-и Сурия, дар бораи анҷоми амалиёт дар шаҳри Ҳалаб фармондеҳии олии артиши ҳукумат иттилоъ дода, дар он доир ба «барқарор шудани суботу амният» дар шаҳр ва пурра озод кардани Ҳалаб аз террористон маълумот дода шудааст.

Хабаргузории РИА Новости бо истинод ба як манбаъ дар ситоди амалиёти ҷангии артиши Сурия менависад, қатораи охирини иборат аз 15 автомашина ва 4 автобус бо ҷангиён ва аҳли оилаи онҳо шаҳри Ҳалабро тарк кардаанд ва ин маънои онро дорад, ки амалиёт ба итмом расида, шаҳр пурра таҳти назорати артиши президент Башор Асад гузаштааст.