Дар Ливия ҳавопаймои А320-и ширкати ҳавопаймоии ливиягии  Afriqiyah Airways бо 120 нафар мусофирон рабуда шуд.

Хабаргузории Медуза менависад, ин ҳавопаймое, ки дар хатсайрҳои дохилӣ парвоз мекардааст, дар фурудгоҳи Малта ба замин поин омадааст

Гуфта мешавад, дар дохили ҳавопаймо, ки аз шаҳри Себ ва Триполи раҳсипор буд, 118 нафар қарор доранд.

Бино ба иттилои Reuters, рабояндагони ҳавопаймо таҳдид кардаанд, ки онро метарконанд. Дар бораи талаботи рабояндагони ҳавопаймо алҳол маълумот дастрас нест.