Дар Шӯрои федератсиюн ва Думаи давлатии Русия гуфтанд, ки фарзияи террористӣ будани суқути ҳавопаймои “Ту-154” истисност.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, намояндагони Кумитаи оид ба дифоъ дар ду палатаи порлумони Русия – Виктор Озеров ва Андрей Красов – гуфтаанд, ин ҳавопаймо ба Вазорати дифоъ мутааллиқ буд ва ҳамеша таҳти назорат қарор дошт. Онҳо даъват кардаанд, то замони хулосаи кумисюни махсус, ки ҳодисаро таҳқиқ мекунад, аз ироаи ҳамагуна фарзия дар ин робита худдорӣ шавад.

Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол, вебсайти "Фонтанка" бо такя ба маноеби амниятии худ гуфтаааст, ФСБ афродеро, ки ба хидматрасонии “Ту-154” иртибот доштанд, тафтиш мекунад.

Ҳавопаймои ҳомили 92 нафар, аз ҷумла 9 хабарнигор ва 64 узви ансамбли маъруфи Александров, субҳи 25 декабр дар Баҳри Сиёҳ суқут кард. Ин ҳавопаймо пас аз чанд дақиқаи ба ҳаво бархостан аз фурудгоҳи Сочи аз саҳифаи радар нопадид шуд. Ҳавопаймo мусофиронашро ба пойгоҳи Русия дар Сурия мебурд, то сарбозонро бо Соли нав табрик карда, барномаи ҳунарӣ иҷро намоянд.

 

Ҳоло ҷустуҷӯи ҷасад ва пораҳои ҳавопаймо дар Баҳри Сиёҳ идома дорад. Доираи ҷустуҷӯ даҳ километри мураббаъро дар бар гирифта, се ҳазор нафар дар амалиёти ҷустуҷӯ кор мекунанд. То ҳол ҷаъба ё сандуқи сиёҳи ҳавопаймо ёфт нашудааст. Дар Русия 26 декабр рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст ва то кунун мақомоти Амрико, Олмону Фаронса, Ҷумҳурии Чех, Италия, Туркия, Молдова, Тоҷикистону Қазоқистон ва Озарбойҷон ба раҳабрияти Русия изҳори ҳамдардӣ кардаанд.