Русия ва Туркия тарҳи оташбасро, ки ба иштирокдорони низоъ дар Сурия пешниҳод мешавад, мувофиқа карданд.

Хабаргузории «Медуза» дар ин робита менависад, Маскав ва Анкара оташбас ва созишро аз нимашаби 29 декабр пешниҳод кардаанд.

Гуфта мешавад, оташбас ҳамаи ноҳияҳои Сурияро, ки дар онҳо миёни нерӯҳои ҳукумат ва гурӯҳҳои мухолифин муқовимат идоа дорад, фаро хоҳад гирифт. Дар ҳамин ҳол, ин созишнома ба созмонҳои террористӣ дахл надорад.

Қаблан президенти Русия Владимир Путин чандин маротиба изҳор дошта буд, ки иқдоми минбаъда дар ба эътидол овардани вазъ дар Сурия бояд оташбас дар саросари қаламрави ин кишвар бошад.