Рӯзи душанбе 12 гурӯҳи мухолифон ба роҳбарии Артиши озоди Сурия бо нашри як изҳороти муштарак гуфтанд, ҳамагуна иртиботро барои омодагӣ ба гуфтугӯҳои сулҳи Сурия, ки интизор меравад, охири моҳи январ дар Остонаи Қазоқистон бо миёнаравии Русия ва Туркия баргузор шавад, қатъ кардаанд.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, муаллифони изҳорот менависанд, нерӯҳои мухолифин ба оташбасе, ки 30 декабр эълон шуд, содиқ мондаанд, аммо артиши ҳукумат ба мавзеъҳои мухолифин дар канораи Димишқ ҳамлаи заминӣ ва ҳавоӣ анҷом медиҳанд. Маҳз аз минтақаҳои тасарруфшудаи мухолифин ба чаҳор миллион аҳолии пойтахти Сурия ва канораи шаҳр оби ошомиданӣ мерасад.

Гуфта мешавад, бино бар иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзи душанбе артиши Башор Асад бо кумаки гуруҳи "Ҳизбуллоҳ", ки эҳтимол меравад, пуштибонаш Эрон аст, ба мавзеи мухолифин ҳамла карданд.