Петр Порошенко, президенти Украина дар пайи печидатар шудани вазъ дар Авдеевка, шарқи кишвараш, сафари кории худро ба Олмон пеш аз вақт қатъ кард ва ба Киев баргашт.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Константин Елисеев, муовини раиси дастгоҳи президенти Украина гуфтааст, Порошенко дастур додааст, то ба ҷаласаи Гуруҳи сеҷонибаи ҳалли осоиштаи низои Донбасс омодагӣ дида шавад.

Гуфта мешавад, мулоқоти навбатии Гуруҳи сеҷонибаи тамос мебоят 1 феврали соли равон баргузор шавад. Вале ба гуфтаи Елисеев, ҷаласаи изтирории гуруҳ бояд пеш аз вақти таъйиншуда оғоз ёбад.

Бино ба хабарҳо, субҳи 29 январ ҷудоихоҳон бо мақсади ишғоли мавзеъҳои артиши Украина дар Авдеевка амалиётро оғоз карданд, ки дар натиҷаи ҳар ду ҷониб талафот дидаанд. Бархе аз манобеи наздик ба Маскав масъулияти оғози даргириҳоро бар дӯши ҳарбиёни Украина гузоштаанд.