Президенти ИМА Доналд Трамп мехоҳад, ба кишвараш танҳо онҳое муҳоҷир шаванд, ки арзишҳои амрикоиро мепазиранд. Дар паёмаш рӯзи 2 феврал дар ноштои динии солона дар Вашингтон Трамп гуфтааст, манзур пеш аз ҳама «озодиҳои динӣ ва шахсист”, ки терроризм таҳдиди асосӣ ба онҳост.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Трамп дар паёмаш ба раҳбарони рӯҳонии ИМА гуфтааст, дар ҷомеаи амрикоӣ ҳеч гуна фишор ба дин бояд вуҷуд надошта бошад, вале ҳамзамон мардум бояд худро комилан амн ҳис кунанд.

Вай ҳамчунин ишора кардааст, ки "саховатмандтарин низоми муҳоҷират дар ҷаҳон" ба Амрико тааллуқ дорад, аммо одамоне ҳастанд, ки аз он бо ҳадафи "паҳн кардани хушунат" истифода мекунанд.

Раҳбари Амрико ваъда кардааст, низомеро пиёда созад, ки ба вуруди афроди зиёновар ба ИМА роҳ надиҳад.

Ноштои динии ИМА соле як бор бо иштироки рӯҳониёни тамоми дину мазҳабҳо, аъзои Конгресс ва меҳмонони хориҷӣ баргузор мешавад. Трамп гуфт, умедвор аст, ки боз ҳафт бори дигар дар ин маросим ҳамчун президент ширкат хоҳад кард.