Ҳавопаймои ширкати Qatar Airways аз рӯи муддати парвози бидуни таваққуф бо мусофирон дар дохилаш рекорди ҷаҳонӣ гузошт.

Фосилаи вақти парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри Давҳа (Қатар) - Окленд (Зеландияи Нав) каме бештар аз 16 соатро ташкил дода, дар ин муддат ҳавопаймо 14 ҳазору 535 километр ва 6 минтақаи соатиро тай намуд.

Бино ба иттилои «Медуза» бо истинод ба The New Zealand Herald, ҳавопаймои мазкур 15 дақиқа барвақттар аз муҳлати пешбинишуда ба фурудгоҳи Окленд нишаста, хатсайр тавассути ҳавопаймои навъи Boeing 777 анҷом дода шудааст, ки 249 нафар муссофиронро дар дохилаш гирифта метавонад.

Гуфта мешавад, парвози бозгашт аз Окленд ба Давҳа ба иллати суръати шиддатноки шамоли рӯ ба рӯ метавонад беш аз 17 соатро ташкил диҳад.

«Тӯли парвоз (тариқи хатсайри Давҳа - Окленд - Давҳа) ба мусофирон ҳудуди 1 ҳазору 100 пиёла чойу қаҳва, 2 ҳазор пиёла нӯшокиҳои ташнашикан ва 1036 зарфҳои маҷмӯаи ғизо пешкаш карда мешавад», - менависад нашрияи The New Zealand Herald.

Рекорди пешини парвози тӯлонитарини бидуни таваққуфи ҳавопаймои мусофирбар ба ширкати Emirates тааллуқ дошт, ки парвозҳо ба Окленд аз фурудгоҳи Дубайро анҷом медод ва фосилаи вақти ин парвоз наздики 15 соатро дар бар мегирифт.

Дар ҳамин ҳол, аллакай соли 2018 ширкатҳои ҳавопаймоии Сингапур бо оғози парвозҳо тавассути хатсайри Сингапур - Ню-Йорк аз рекорди Qatar Airways пеш гузаштанианд.