Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх (КБСС) баъд аз ҳалокати шаш кормандаш дар ҳамлае ба корвони башардӯстона фаъолияти худро дар Афғонистон қатъ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, ин корвон барои аҳолии минтақаҳои дурдасте, ки аз барфу баҳман осеб диданд, кӯмаки башардӯстона мебурд.

Гуфта мешавад, мудири кумита Доминик Стиллҳарт ҳодисаро «бадтарин амали зидди мо» дар 20 соли охир номидааст. Ҳоло ҷустуҷӯи ду корманди дигари созмон идома дорад, ки шоми 8 феврал бенишон шудаанд.

«Кори мо дарвоқеъ қатъ шуд ва замоне аз сар гирифта мешавад, ки ҳодисаро таҳқиқ кунем,» - гуфтааст Стиллҳарт.

Вай ишора намудааст, ки барномаи башардӯстонаи Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх дар Афғонистон аз лиҳози ҳаҷм дар ҷаҳон дар ҷои чаҳорум қарор дорад. Пештар низ созмон ҳушдор медод, ки масъалаҳои рӯзафзуни амниятӣ расондани ёриҳои башариро дар ин кишвар бо мушкил рӯбарӯ кардааст.

Дар ин зимн раиси вилояти Ҷузҷон изҳор доштааст, ки ин ҳамла эҳтимолан аз тарафи ҷангиёни гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» ба вуқӯъ омада бошад.