Се сарбози Туркия аз бомбаафкании ҳавопаймоҳои Русия дар Сурия кушта ва 11 тани дигари онҳо захмӣ шудаанд.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба рӯзномаи Hurriyet Daily News, яке аз бомбаҳо ба хонае дар шаҳри ал-Боб фуруд омадааст, ки андарунаш сарбозони турк маскун буданд.

Гуфта мешавад, ситоди умумии Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ин хабарро тасдиқ кард ва гуфтааст, бомбаафканҳои Русия дар наздикии шаҳри ал-Боб амалиёт анҷом медоданд ва тасодуфан ба иншооте зарба заданд, ки дар дохилаш сарбозони артиши Туркия буданд. Тарафи Русия изҳор доштааст, ки ин ҳамла қасдан ба амал наомадааст.

Зимнан зикр мегардад, ки президенти Русия Владимир Путин дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон дар робита ба ҳодиса тасаллият изҳор намудааст.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки ба огаҳии дафтари матбуотии Кремл, тарафҳо ба хулосае омаданд, ки бояд амалиёти ҳарбии ҳамдигарро зидди ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Сурия ҳамоҳанг кунанд.