Ёвари президенти ИМА Доналд Трамп дар масъалаҳои амнияти миллӣ, генерал-лейтенант Майкл Флинн вазифаи худро тарк кард. Вай бо аризаи истеъфо ба президент муроҷиат намудааст.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, дар номаи худ Флинн иқрор кард, ки ба ноиб-президент Майкл Пенс дар бораи гуфтугӯи хеш бо сафири Русия дар Вашингтон Сергей Кисляк иттилои нодуруст додааст. Истеъфои Флинн баъди он рух дод, ки расонаҳо навиштанд, вай дар бораи дидораш бо сафири рус ба ноиб-президент Пенс ва мансабдорони дигари болорутба ҳақиқатро пинҳон доштааст.

Флинн гуфта буд, ки бо сафир таҳримҳои ахири зидди Русияро баррасӣ накардааст ва сӯҳбат аз табрикҳои тарафайни солинавӣ ва дигар мавзӯъҳои камаҳамият иборат буд. Аммо Додситонии кулли Амрико ба диққати Кохи сафед расонд, ки Флинн дар гуфтугӯи телефонӣ бо Кисляк дар авохири моҳи декабр масъалаи таҳримҳои нави ҳукумати Обамаро дар посух ба ҳамлаҳои интернетии рахнагарони рус дар маъракаи интихоботӣ баррасӣ кардааст. Бо пинҳон доштани ин Флинн тҳадафи шантажи Москва қарор гирифтааст.

Дар гуфтугӯ бо сафири рус Флинн ягон иттилои махфиро фош накардааст, аммо худи баррасии яке аз муҳимтарин масъалаҳо бо дипломати хориҷӣ дар давраи то ба раёсат оғоз ва тасимигирӣ кардани президенти нав вайрон кардани қоида дониста мешавад.

Хадамоти зиддиҷосусии Амрико гуфтугӯҳои телефонии Сергей Кислякро тибқи режими муқаррарӣ гӯш кардааст.