Ҷаред Кушнер, домоди президент Доналд Трамп, ки вазифаи мушовири калонии ӯро ба зимма дорад, ҳамроҳи Майкл Флинн, мушовири пешини амнитӣ бо Сергей Кисляк, сафири Русия дар Вашингтон мулоқот кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба The New York Times, ин мулоқот моҳи декабри соли гузашта, пеш аз расман ба курсии президентӣ нишастани Доналд Трамп дар бурҷи Трамп-тауэри шаҳри Ню-Йорк баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, нашрия қайд кардааст, ки ба вохӯрии аъзои ситоди муваққатӣ бо мансабдорони хориҷӣ иҷозат ҳаст, вале ба он дар пешорӯи таҳқиқи дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи ИМА таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад.

Зикр мегардад, ки ҳафтаи равон нашрияи The Washington Post хабар дод, ки вазири адлияи ИМА Ҷефф Сешнс ҳангоми сенатор буданаш ду бор бо Сергей Кисляк вохӯрдааст. Ба огаҳии нашрия, яке аз ин мулоқотҳо моҳи сентябри соли гузашта, пас аз маълум гаштани ҳамлаҳои киберӣ ба низоми интихоботии ИМА, ки баъдан ба он Русияро айбдор карданд, баргузор шудааст.

Сешнс ҳини тасдиқи номзадияш ба мақоми вазири адлияи ИМА дар Сенат мулоқотҳояшро бо дипломати рус ошкор накард. Баъди хабари расонаҳо дар ин бора раҳбари демократҳо дар Палатаи намояндагони Конгресс Нэнси Пелоси талаб кард, ки вазири тозатаъйини адлияи кишвараш истеъфо диҳад.

Моҳи феврали соли равон Майкл Флинн, мушовири президенти ИМА дар умури амниятӣ низ баъди он ки маълум шуд, дар як суҳбати телефонӣ бо дипломати рус таҳримҳои зидди Кремлро баррасӣ кардааст, истеъфо дод.