Додгоҳи Русия, Алексей Навалний, пешвои мухолифони давлат дар Русия ва фаъоли мубориза бо фасодро барои нофармонӣ ба маъмурони пулис ба 15 рӯзи зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ӯро рӯзи 27-уми март дар маркази Маскав дастгир карданд. Пештар аз ин ҳукм, Алексей Навалнийро барои ташкили тазоҳуроти ғайриқонунӣ 20 ҳазор рубл ва ё 350 доллар ҷарима бастанд.

Навалнийро рӯзи 26-уми март пеш аз онки ба тазоҳургарон дар Маскав бипайвандад дастгир карданд. Ӯ аз мардум хоста буд барои ширкат дар раҳпаймоӣ ба зидди фасод ба кӯчаҳо бароянд.

Мақомоти Русия ба Алексей Навалний иҷоза надода буданд, ки дар маркази Маскав тазоҳурот ташкил кунад, зеро ба гуфтаи онҳо, тазоҳурот метавонист, сабаби халалдор шудани низом дар маркази шаҳр шавад. Навалний гуфтааст, ки иддао асос надорад ва тазоҳурот қонунӣ аст.

Маъмурони пулиси Русия ҳамчунин садҳо нафар аз тазоҳургаронро, ки дар раҳпаймоиҳо ба зидди коррупсия дар саросари Русия ширкат доштанд, дастгир карданд. Тазоҳурот баъди раҳпамойиҳои соли 2012 бузургтарин эътироз дар Русия ба шумор меравад.