Маҳмуд Аҳмадинажод, президенти пешини Эрон номзадиашро дар интихоботи навбатӣ пешбарӣ кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Аҳмадинажодро ҳангоми сабти ном дар ситоди вазорати корҳои дохилии Эрон 12 апрел мушовираш Исфандиёр Раҳим Машшоӣ ва Ҳамидризоӣ Бақоӣ, ки дар замони роҳбарии Маҳмуд Аҳмадинажод, мақоми ноиб-президентро бар уҳда дошт, ҳамроҳӣ карданд.

Оятулло Алии Хоманаӣ, роҳбари маънавии Эрон дар гузашта аз Аҳмадинажод хоста буд, ки номзадиашро пешбарӣ накунад. Аҳмадинажод аз соли 2005 то 2013 президенти Эрон буд. Ҳасани Руҳонӣ ӯро дар ин мақом иваз кард.

Сабти номи номзадҳо барои ширкат дар интихоботи президентии Эрон 10 апрел шуруъ шуд. Ҷараёни сабти ном то 15 апрел идома мекунад. Рӯйхати комили номзадҳо 26-27 апрел эълон хоҳад шуд.

Интихоботи 12-уми президентии Эрон 19 май дар назар аст.