Президенти Русия Владимир Путин бо котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон дар пешорӯи шиддат гирифтани ташаннуҷ миёни ду кишвар, барои ҳимояти Москва аз режими Башор Асад дар Кремл мулоқот кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, сафари Тиллерсон ба Русия баъди истифода шудани силоҳи кимиёӣ аз тарафи ҳукумати Асад дар Идлиб ва зарбаҳои мушакии ИМА ба Сурия, ки Москваро ба ғазаб оварданд, сурат гирифт.

Тиллерсон баъди мулоқот бо Путин, ҳамон тавре ки дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои русаш Сергей Лавров баён дошт, муносибатҳои ИМА ва Русия дар "пойинтарин нуқта" қарор доранд. Ӯ афзуд, ки равобити ду қудрати ҳастаӣ набояд дар ин сатҳ бошад.

Котиби давлатии ИМА изҳор дошт, ки то барқарории сулҳ дар шарқи Украина муколамаи Вашингтону Москва мушкил хоҳад буд. Вале ҳамзамон қайд кард, ки роҳҳои гуфтугӯву тамос ҳамеша бозанд.

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфтугӯ бо ҳамтои амрикоияшро "муҳим" ва "комилан ошкоро" номида ва гуфт, ҳамкориҳои Москва ва Вашингтон ба нафъи тамоми ҷаҳон хоҳад буд.

Лавров кишварҳои Ғарбро ба он айбдор кард, ки талош доранд, то муколамаи ИМА ва Русияро ба ҳам бизананд.