Боришоти зиёди пайдарпай дар Эрон ба обхезии бузург боис гардидааст, ки бар асар он 41 нафар ҳалок ва боз 22 нафар бедарак шудаанд.

Хабаргузории Лента.ру бо такя ба маълумоти Isna аз қавли роҳбари Ташкилоти ҳолатҳои фавқулодаи Эрон Исмоил Наҷар менависад, ин офати табиӣ дар минтақаи шимолу ғарби Эрон рух дода, сатҳи оби рӯдхонаҳое, ки ба кӯли Урмия мерезанд, хеле зиёд боло рафта, пулҳову иншооти коммуникатсиониро тахриб ва ба воситаҳои нақлиёт зарар расонидааст.

Гуфта мешавад, дар вилояти Озарбойҷони Шарқӣ аз обхезӣ шаҳрҳои Озаршаҳр ва Аҷабшир ва боз чор маҳаллаи аҳолинишин дар чор вилоят - Озарбойҷони Ғарбӣ, Курдистон, Ардабил ва Зинҷон хисороти зиёд бардоштаанд.

Дар макони аз офат осебдида реҷаи ҳолати фавқулода эълон шуда, наҷотбахшону табибон ба ин мавзеъ сафарбар шудаанд ва ба корҳои ҷустуҷӯи афроди бедаракшуда пардохтаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки боришоти зиёд бо шамоли сахт дар минтақаи шимолу ғарби Эрон аз субҳи 14 апрел оғоз шудаанд.