Нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдирим эълон кардааст, ки дар раъйпурсии рӯзи 16-уми феврал аксарияти мардум ба тарафдории ислоҳи Қонуни асосӣ раъй додаанд, ки низоми идораи Туркияро ба аз порлумонӣ ба президентӣ тағйир медиҳад.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, бо шумориши бештар аз 99 дар сади раъйи мардум, мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки 51. 3 дар сади раъйдиҳандагон ба тарафдории ислоҳот дар Қонуни асосӣ раъй додаанд.

Гуфта мешавад, дар умум 18 тағйиру ислоҳот ба Конститутсия пешниҳод шуда буд, ки салоҳиятҳои раиси ҷумҳурро васеъ мекунад ва ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон имкон медиҳад, то соли 2029 дар қудрат бимонад.

Ба гуфтаи мақомоти интихоботии Туркия 48 дар сади мардум мухолифи ислоҳот раъй додаанд ва дар маҷмӯъ дар раъйпурсӣ 86 дар сади афроди бархурдор аз ҳаққи раъй ширкат кардаанд.

Зикр мегардад, ки дар Туркия 55 млн. нафар ҳаққи раъй доранд ва дар кишвар 167 ҳазор қитъаи раъйдиҳӣ боз карданд. Туркҳое, ки дар хориҷ иқомат доранд, ҳафтаи гузашта овоз доданд.

Бар асоси 18 тағйиру иловаҳои воридшуда, салоҳиятҳои порлумон кам мешавад, мақоми нахуствазир аз байн меравад ва салоҳиятҳои раиси ҷумҳур меафзояд.