Президенти ИМА Доналд Трамп дар доираи сиёсти худ «Америка дар ҷойи аввал» фармонеро ба имзо расонид, ки «Истеҳсоли амрикоиро бихар, амрикоиҳоиро киро кун» номида мешавад.

Хабаргузории РБК бо истинод ба The New York Times менависад, фармон ба ҳавасмандсозии истеҳсолот дар дохили кишвар равона гардида, бозбинии ҷараёни пешниҳоди раводидҳои кории H-1B-ро дар назар дорад.

Расми имзои фармон дар корхонае дар Кеноши штати Висконсин доир гардида, Трамп изҳор доштааст, ки ин фармон ба «дуздии некӯаҳволии амрикоӣ» хотима мебахшад, ки ба ақидаи ӯ, пардохти хеле пасти кори муҳоҷирон ба ин ҳолат боис гардидааст.

Дар фармон ба вазоратҳои меҳнат, адлия, амнияти миллӣ ва корҳои хориҷӣ дастур дода шудааст, ки дар мавриди тағйири тартиби пешниҳоди раводидҳои кории H-1B, аз ҷумла тасодуфан додани онҳо тадбирҳо пешниҳод намоянд.

Дар ин росто зимни пешниҳоди раводидҳои кории H-1B ҳукуматдорони ИМА минбаъд ният доранд, ки ин ҷараёнро бештар дақиқкорона пайгирӣ намоянд, то ки онҳо бештар ба кормандони соҳибтахассус дастрас гарданд.

Қобили зикр аст, ки 80%-и коргароне, ки тариқи дастрасии раводидҳои кории H-1B ба ИМА меоянд, камтар аз сатҳи миёна дар соҳаҳои худ музди меҳнат мегиранд.

Мутобиқи қонунгузории ИМА, бо методи лотерея ба бакалаврон 65 ҳазор раводид ва ба донишҷӯёни хориҷии хатмкардаи магистратура боз 25 ҳазор раводид дода мешавад. Аксарияти раводидҳоро мутахассисон дар соҳаи лоиҳакашӣ ва барномасозии техникӣ соҳиб мешаванд.

Ҳамин тариқ, бино ба маълумоти Reuters, 15%-и кормандони шабакаи иҷтимоии Facebook аз рӯи ин раводид кор мекунанд.