Дар тирандозии шоми панҷшанбе дар маркази шаҳри Париж - пойтахти Фаронса, як пулис кушта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, президенти Фаронса ин тирандозиро амали террористӣ гуфт ва гурӯҳи "Давлати исломӣ" масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.

Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса дар вокуниш ба ин тирандозӣ гуфтааст, ки "ба ин бовар расидам, ки ин тирандозӣ як амали террористӣ будааст".

Пиерре-Ҳенри Бренд, сухангӯи вазорати умури дохилии Фаронса ҳам дар бораи чигунагии ин ҳамла гуфтааст, ки "каме баъд аз соати 9-и шаб як автомобил дар паҳлӯи мошини пулис меистад ва марде аз он берун омада ва ба сӯи худрави пулис тирандозӣ мекунад."

Тибқи гузоришҳо, шахси ҳамлакунанда аз сӯи пулис кушта шудааст. Пас аз ин тирандозӣ, чораҳои сахти амниятӣ дар ин хиёбон барқарор шуд ва рафтуомад дар он мамнӯъ шуд.

Додситони Париж низ гуфтааст, ки шахси ҳамлакунанда шиносоӣ шудааст ва таҳқиқот дар ин замина идома дорад. Манобеи пулис гуфтаанд, ки манзили зисти шахси ҳамлакунанда дар шарқи Пулис аз сӯи пулис мавриди бозрасӣ қарор гирифтааст.