Номзадии раисҷумҳури пешини Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод дар интихоботи навбатии президентии ин кишвар ба қайд гирифта нашуд.

Тавре дар сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба расонаҳои Эрон иттилоъ дода мешавад, Аҳмадинажод, ки аз соли 2005 то 2013 президенти Эрон буд, 19 апрел номзадияшро дар интихоботи навбатӣ пешбарӣ кард.

Гуфта мешавад, вале Ситоди интихоботии Эрон 20 апрел 6 довталаберо, ки аз тарафи Шӯрои нигаҳбон таъйид шуданд, эълом кард ва миёни онҳо номи раисҷумҳури пешин набудааст.

Аҳмадинажод дар сиёсати хориҷӣ назари муҳофизакор дошта, маъмурияти Бушро сахт танқид ва аз тақвияти робитаҳои Эрон бо кишварҳои арабу Русия ҳимоят мекард. Ӯ ҳамчунин борҳо зидди Исроил изҳороти тунд додааст.

Пештар роҳбари маънавии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз Аҳмадинажод хоста буд, ки номзадиашро пешбарӣ накунад. Ӯ гуфт, номзадии Аҳмадинажод метавонад фазоро "дуқутбӣ" карда ва ба кишвараш "осеб" расонад.

Қобили зикр аст, ки маъракаи интихоботи президенти 12-уми Эрон санаи 19 май баргузор мешавад.