Дар маркази шаҳри Кобули Афғонистон субҳи 3 май таркиш рух дод, ки дар натиҷа 8 одам кушта ва наздики 25 тани дигар захмӣ шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, маргталабе савори мошини "Toyota Corolla" ба корвони мошинҳои борбари НАТО бархӯрдааст.

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон Наҷиб Дониш, дар пайи ин таркиш 8 кас кушта ва 25 тани дигар захмӣ шудаанд.

Бино бар иттилои пешакӣ, гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамлаи мазкурро бар дӯш гирифтааст.

Сухангӯи Нерӯҳои низомии ИМА Билл Салвин гуфтааст, дар натиҷаи ин таркиш се низомии амрикоӣ ҷароҳат бардоштанд.

Маргталаб худро дар яке аз минтақаҳои серодами шаҳр, дар наздикии сафорати ИМА, додгоҳи олӣ ва вазорати тандурустии Афғонистон худро тарконидааст.