Номзади марказгаро ва тарафдори Иттиҳодияи Аврупо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса Эмманнуэл Макрон рақиби миллатгарояш Марин Ли Пенро ба осонӣ шикаст дод ва раиси ҷумҳур интихоб шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, бар асоси се назарсанҷии пас аз интихобот Макрон эҳтимолан 65 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст, ки ин як хабари хуш барои тамоми Иттиҳодияи Аврупо аст.

Дар ҳоле ки номзади марказгаро Эмануэл Макрон аз Иттиҳодияи Аврупо пуштибонӣ мекунад, рақиби миллатгарои ифротии вай Марин Ли Пен тарафдори хориҷ шудан аз иттиҳодия аст ва мавзеъгирии сахтгирона дар баробари муҳоҷирон дорад. Раъйдиҳӣ дар Фаронса соати 6 субҳ ба вақти маҳаллӣ оғоз шуд ва дар бисёре аз манотиқ то соати 5 идома кард.

Эмануэл Макрон бо ҳамсараш Бриҷит Макрон дар шаҳри Ли Тике дар шимоли Фаронса ва хонум Ли Пен дар шаҳри Ҳенин Бемонт, як шаҳри хурди зери назорати ҳизбаш раъй дод. То нимарӯзии 7-уми май 28.23 дар сади мардум дар интихобот ширкат кардаанд, ки дар муқоиса ба интихоботи соли 2012 камтар будааст.

Эмануэл Макрон ва хонум Ли Пен дар даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 23-уми апрел аз номзадҳои аҳзоби умдаи сиёсии Фаронса раъйи бештар ба даст оварданд ва ба даври дуввум роҳ ёфтанд. Муборизаи сиёсӣ бо ҳамлаҳои лафзии тунд байни ду тараф сурат гирифт. Марин Ли Пени 48-сола рақиби 39-солаашро, намояндаи элитаи Фаронса номид ва гуфт, ки ӯ дар баробари тундгароии исломӣ ва дигар хатарҳо барои Фаронса мавзеъгирии нарм дорад.