Алишер Усмонов, тоҷири ӯзбектабори Русия дувумин муроҷиатномаашро ба мухолифи рус Алексей Навалний нашр кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин навор Усмонов муассиси Бунёди мубориза бо фасодро ба қаҳрамони нависанда Михаил Булгаков Полиграф Шариков аз китоби "Дили сагона" муқоиса кард. Полиграф Шариков "ваъда медод, ки ҳама чизро соҳиб шуда, бо дигарон тақсим мекунад".

Гуфта мешавад, Усмонов Навалнийро на танҳо "авомфиреби бесавод" (тавре, ки ба гуфтаи Усмонов, Шариков буд), балки "дурӯғгӯи қиссапардоз" номид.

Зимнан зикр мегардад, ки навори видеоиро миллиардери ӯзбектабор дар саҳифаи сомонаи иҷтимоии "ВКонтакте" нашр кард.

Дар ин муроҷиатнома Усмонов ба дархости Навалний дар бораи мубоҳиса посухи рад дода, гуфт, мубоҳисаи онҳо дар додгоҳ баргузор мешавад. Ҷаласаи додгоҳӣ аз рӯи шикояти Усмонов нисбати Навалний 30 май таъйин шудааст.

Ин дувумин муроҷиати Усмонов ба Навалний аст. Навалний Усмоновро дар фасодкорӣ муттаҳам кард. Навалний мегӯяд, Усмонов қитъаи заминеро дар минтақаи Рублевкаи Москва ба бунёди мутааллиқ ба сарвазири Русия Дмитрий Медведев ҳамчун пора тақдим кардааст.