Пулиси Бритониё номи ду гумонбарро дар анҷоми амали террористии рӯзи  3 июн дар шаҳри Лондон эълон кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Курам Батти 27-сола, падари ду фарзанд, ҳамроҳ бо хонаводааш давоми чанд сол дар шарқи Лондон ба сар мебурд. Вай зодаи Покистон буда, ҳаққи истиқомат дар Бритониёро дошт. Батт пештар дар мадди назари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва оҷонсии MI5 будааст.

Гуфта мешавад, пулис аз Ричард Редуэйн ба унвони террористи дувум ном мебарад. Вай 30 сол доштааст. Ричард ҳамчунин худро Рашид Элхдар меномид ва дар гузашта дар мадди назари пулис қарор надошт. Редуэйн ҳамзамон шаҳрвандии Либиё ва Марокашро доштааст.

Зикр мегардад, ки намояндагони пулиси Лондон мегӯянд, дар ҷустуҷӯи шахсияти ҳамлагари севум ҳастанд. Ҳар се ҳамлагар баъди чанд дақиқаи ҳамла ба роҳгузарон дар болои пули Лондон аз сӯи пулис кушта шуданд.