Дар натиҷаи сухтор дар бинои баландошёнаи воқеъ дар қисмати ғарбии Лондон якчанд нафар ҷони худро аз даст дода, даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, раҳбари хадамоти сухторнишонии Лондон Дэни Коттон рӯзи 14 июн гуфтааст, "хисороти ҷонӣ вуҷуд дорад, аммо бинобар масоҳат ва печидагии бино, ҳоло наметавонам теъдоди онҳоро таъйид кунам".

Гуфта мешавад, Хадамоти ёрии таъҷилии Лондон пештар аз ин изҳор доштааст, ки беш аз 50 нафар ба бемористонҳо интиқол ёфт.

Сухтор дар Grendfell Tower саҳари рӯзи чоршанбе оғоз шуд. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки сокинон дар дохили бино дармонданд ва бисёри онҳоро дар назди тирезаҳо дидан мумкин буд. Бархе дигар мегӯянд, ки шӯълаи оташро нахуст дар ошёнаи 27-ум мушоҳида карданд.

Зимнан зикр мегардад, ки то ҳол сабаби сухтор маълум нашудааст.