Миёни Қатар ва ИМА доир ба фурӯши ҳавопаймоҳои ҷангии қиркунандаи F-15 ба ин кишвари арабӣ ба маблағи умумии 12 млрд. доллар созишнома ба имзо расид.

Бино ба маълумоти Би-Би-Си, вазири мудофиаи ИМА Ҷеймс Мэттис дар вохӯрӣ бо ҳамтои худ аз Қатар дар Вашингтон ин муомилотро ниҳоӣ кардааст.

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш президенти ИМА Доналд Трамп яке аз иттифоқчиёни бузурги худ - Қатарро ба маблағгузорӣ ба терроризм «дар сатҳи хеле баланд» мутттаҳам карда, ҳукуматдорони Қатар ин иттиҳомро рад карда буданд.

Қобили зикр аст, ки бузургтарин пойгоҳи низомии ҳавопаймоии ИМА дар Қатар ҷойгир шудааст, ки дар он ҳудуди 10 ҳазор нафар низомиён хизмат мекунанд. Дар ҳамлаҳои эътилоф ба мавқеъҳои Давлати ислоӣ таҳти сарвари ИМА ин пойгоҳ нақши калидӣ дорад.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки охири моҳи май ИМА бо Арабистони Саудӣ дар бораи таҳвили аслиҳа ба ин кишвар ба маблағи 110 млрд. доллар созиш ҳосил карданд.