Раиси Кумитаи мудофиаи Думаи давлатӣ Владимир Шаманов ба хабаргузории РИА Новости изҳор намудааст, ки Русия бо Қазоқистону Қирғизистон ҷиҳати эҳтимоли ба минтақаҳои нисбатан амнтари Сурия фиристодани хизматчиёни ҳарбии ин кишварҳо гуфтушунид дорад.

Хабаргузории «Медуза» менависад, қаблан намояндаи президенти Туркия Иброҳим Калин гуфтааст, Русия пешниҳод кардааст, ки низомиёни Қирғизистон ва Қазоқистон ба минтақаҳои нисбатан амнтари Сурия фиристода шаванд.

«Алҳол ба қарори ниҳоӣ нарасида, масъалаи иштироки намояндагони пулис ҳарбии Русия дар таъмини тартибот дар Сурия ва ҳамчунин масъалаи пешниҳоди иштироки ҳамтоҳои мо аз Қазоқистону Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор дорад», - иброз доштааст Шаманов.

Намояндагони расмии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ва Ситоди кулли ин кишвар ин маълумотро ба «Интерфакс» тасдиқ накардаанд. Як манбаъ аз сохторҳои қудратии ин кишвар изҳор намудааст, ки дар ин хусус гуфтушунид ҷараён дорад, вале «то охири маъракаи интихоботи президентӣ (моҳи октябри соли 2017), ба гумон аст, ки чунин қарор қабул шавад».

Қобили зикр аст, ки аз тирамоҳи соли 2015 Русия дар Сурия амалиёти низомӣ гузаронида, ҳадафи аслии он дастгирии артиши президенти ин кишвар Башор Асад дар мубориза бо террористон унвон мешавад.