Дар бузургтарин машқгоҳи Чжужихе, воқеъ дар ноҳияи мухтори Муғулистони Дохилӣ дар шимоли Чин рӯзи 30 июл ба муносибати 90-солагии Артиши мардумии озодихоҳи Чин гузашти низомӣ баргузор шуд.

1/12

Бино ба иттилои хабаргузории “Синхуа”, дар ин гузашт 12 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ, 129 адад ҳавопаймоҳои низомӣ, 571 адад техника ва таҷҳизоти рӯизаминӣ сафарбар шуданд.

Газета. ру дар ин робита менависад, дар гузориши Телевизиони марказии Чин қайд шудааст, ки беш аз 40 фоизи техникаи дар гузашт ҳузурдошта бори нахуст ба намоиш гузошта шудааст.